Тоҷикистониён дар мудофияи Ленинград

on 19 ноябри 2024
Назарҳо: 8

15 ноябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи давлатии ёдгории мудофиа ва муҳосираи Ленинград бахшида ба 80-солагии озодшавии пурраи Ленинград аз асорати фашистӣ чорабинии фарҳангию маърифатӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар дифои Ленинград» баргузор гардид.

Ба ҳозирин наворҳои видеоӣ аз нақши Тоҷикистон дар ғалаба бар зидди фашизм ва озодшавии Ленинград аз муҳосира, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳӣ ҳунарҳои миллӣ  пешкаш карда шуд. 

Шахсони расмӣ, меҳмонон ва иштирокчиёни муосираи Ленинград дар баромадҳои худ аз саҳми Тоҷикистон ва афсарони шуҷои он суханҳои нек гуфтанд.

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12