Ҳайати вилояти Ленингради Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Ҳукумати вилоят Роман Марков ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон Инвест” ширкат намуданд.
Дар ҳошияи форум вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо муовини якуми сарвазири вилояти Ленинград баргузор гардид. Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Россияро баррасӣ карданд.
Ба меҳмонон зарфиятҳои саноатию кишоварзии вилояти Хатлон маълумот дода шуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро бо шарикони рушд муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин дигар масоилҳо мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.