08 октябри соли 2024 дар бинои Консулгарии генералӣ мулоқоти муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо шаҳрвандони бурунмарзии муқими шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
Дар мулоқот роҷеъ ба корҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди Тоҷикистон ва чораҳои андешидашуда барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон суханронӣ шуда, аз ҳамватанон даъват ба амал оварда шуд, ки байни шаҳрвандон ташвиқу тарғиб, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси риояи қонунҳои кишвари иқомат, урфу одат ва худдорӣ намудан аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, бештар ба роҳ монда шавад.