28 августи соли равон Консулгарии генералӣ дар намоишгоҳи 33-юми байналмилалии агросаноатии «Агрорус-2024», ки дар маркази намоишгоҳи «Экспофорум»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар намоишгоҳ корхонаҳои хориҷӣ ва Русия ширкат карда, маҳсулоти кишоварзӣ, таҷҳизот, зироаткорӣ ва ветеринарии худро ба намоиш гузоштанд. Дар доираи ин чорабинӣ бо шарикони ҳавасманд, ки омодаанд бо ширкатҳо ва кишоварзони тоҷик ҳамкорӣ намоянд мулоқотҳо анҷом дода шуд.