Вохурӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург

on 07 март 2024
Назарҳо: 130

6-уми марти соли 2024 дар маркази фурӯши яклухти маҳсулотҳои кишоварзии “Софийский” вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҷеъ ба вазъи сиёсию иқтисодии минтақа ва таъсири он ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва раванди муҳоҷират, ҳамкории муассисаи консулӣ бо Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург барои беҳтар намудани шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақшаю амалҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ватанамон, суҳбатҳо доир гардиданд.

Дар фарҷом, аз ширкаткунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истеъмоли он ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд. 

2

3