Ҳамаи хабарҳо

on 11 апрели 2024
Назарҳо: 38

Аз 3 то 9 апрели соли 2024 дар «Театр-фестивали «Балтийский Дом» дар шаҳри Санкт-Петербург XXVI-мин Фестивали театрҳои руси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский муаррифӣ карда, бо намоиши пиесаи драмотурги фаронсавӣ Молер «Тартюф» ҳозиринро шод гардонд.

2 3

3

 

on 04 апрели 2024
Назарҳо: 50

Дар шаҳри Санкт-Петербург бо дастгирии маҷаллаи «Индустрия Туризма и Культуры» ва сомонаи «Клуб Приключений» як силсила мақолаҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвонии «20 мавзеи сайёҳии Тоҷикистон» ба нашр расид.     

Пайванд: https://www.vpoxod.ru/page/toponym/tadzhikistan_info

on 23 март 2024
Назарҳо: 87

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Мо ин кирдори зӯроварии ғайрииинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеона маҳкум мекунем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Русия таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро иброз менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

on 23 март 2024
Назарҳо: 76

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити дар ш. Москваи Федератсияи Русияро қотеона маҳкум мекунем.

Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем.

on 21 март 2024
Назарҳо: 76

Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба иди Наврӯзи хуҷастапай, оини бостонии ниёгон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Барои таҷлили он меҳмонони маҳалли иқомат, корпуси консулӣ, ҳамватанон ва донишҷӯён даъват гардиданд. Меҳмонон аз намоиши рамзҳои Наврӯзи баҳори дилафрӯз, дастархони миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ аз наздик ошно шуданд.

on 14 март 2024
Назарҳо: 105

Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноати дорусозӣ бо минтақаҳои шимолу ғарбии Россия 14 марти соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари ширкати дорусозӣ «MELIGEN» Платонова И.Г. баргузор гардид.

on 07 март 2024
Назарҳо: 112

6-уми марти соли 2024 дар маркази фурӯши яклухти маҳсулотҳои кишоварзии “Софийский” вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.

on 21 феврали 2024
Назарҳо: 437

20 феврали соли 2024 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қасри Таврический дар ҳошияи VIII-мин Форуми байналмилалии меҳнати Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Консепсияи фазои ягонаи муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ: принсипҳои умумӣ ва манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.

on 02 феврали 2024
Назарҳо: 94

1 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии автономии фарҳангии вилояти Ленинград "Маркази байналмилалии барқарорсозӣ" вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо  роҳбари марказ Черняева Т.С. доир гардид. Инчунин, дар мулоқот сардори Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. ва муовини сардори Кумита оид ба муҳофизати мероси фарҳангии вилояти Ленинград Губинская К.Ю. ширкат варзиданд.

on 29 январи 2024
Назарҳо: 122

26 январи соли 2024 дар Осорхонаи таърихи сиёсии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия намоиши муштараки «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озодшавии шаҳри Ленинград аз блокада» баргузор гардид. Дар чорабини директори муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Осорхонаи таърихи сиёсии Санкт-Петербург, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург, Намояндаи Губернатор, раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират ва роҳбарони дигар идораҳои илмӣ, талабаҳо иштирок намуданд.

on 25 январи 2024
Назарҳо: 96

24 январи соли 2024 дар Ҳукумати вилояти Ленингради Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари Кумитаи робитаҳои берунаи вилояти Ленинград Коновалов О.А. доир гардид.

on 20 январи 2024
Назарҳо: 99

18-19 январи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург Конфронси навбатии роҳбарони Ассосиатсияи «Бонувони тоҷир» дар мавзӯи «Бонувони тоҷир: дурнамо дар соли 2024. Вазифаи бонувон дар тиҷорат» бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз сохторҳои давлатию хусусӣ, аҳли илму адаб ва фарҳанг, баргузор гардид.

on 10 январи 2024
Назарҳо: 101

9 январи соли 2024 вохурии Консули генералӣ – Хомидҷон Назарӣ бо донишҷуёни тоҷики ҷамъияти ҷавонони «МОСТ» баргузор гардид. Дар мулоқот доир ба рафти таҳсили донишҷуён, ҷалби бештар ва иштироки онҳо дар маъракаҳои фарҳангӣ ва муҳокимаи нақшаҳои пешбинишуда дар минтақаи иқомат баррасӣ шуданд.2

 

on 29 декабри 2023
Назарҳо: 83

28 декабри соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург пахши мустақими телевизионии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

on 27 декабри 2023
Назарҳо: 117

25-26 декабри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар форуми ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф овард.    

2

3

 

on 04 декабри 2023
Назарҳо: 124

 Аз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорони минтақа ба Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом доданд.

on 01 декабри 2023
Назарҳо: 155

28 ноябри соли равон дар Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия мулоқоти корӣ байни роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо кормандони муассисаҳои консулии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 20 ноябри 2023
Назарҳо: 319

16-18 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия lX Форуми байналмилалии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги мамлакат иштирок намуданд.

on 10 ноябри 2023
Назарҳо: 136

9 ноябри соли 2023 барои ташвиқу тарғиби соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои муассисаи консулӣ дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералӣ Ҳ.Назарӣ бо хабарнигорон ва блогерони ҳавзаи мавриди масъулият, баргузор гардид.

on 07 ноябри 2023
Назарҳо: 162

Дар доираи ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Консулгарии генералӣ вохӯрӣ бо намояндагони Шурои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҷеъ ба муҳимияти Конститутсия дар рушди кишвар, раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа матраҳ карда шуд.

on 30 октябри 2023
Назарҳо: 144

Моҳи октябри соли ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ бо даъвати Китобхонаи миллии Россия дар мизи мудаввар, доир ба мавзуи «Забони русӣ – забони муошират байни миллатҳо» иштирок намуда, аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи фарҳанг, забон ва маориф сухан кард.

44444

on 20 октябри 2023
Назарҳо: 177

18-19 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург машваратҳои коршиносон бо иштироки доираи васеи мутахассисон аз кишварҳои аъзо баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа вакили Маҷлиси миллӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва масъулни муассисаи консулӣ муаррифӣ намуда, дар корӣ он ширкат варзиданд.

on 12 октябри 2023
Назарҳо: 161

11 октябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ дар якҷоягӣ бо роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораи тоҷик Бердов Фарҳод аз Муассисаи таълимии касбии буҷетии давлатии Санкт-Петербург «Коллеҷи захираҳои обӣ» дидан намуданд.

on 09 октябри 2023
Назарҳо: 150

06 октябри соли 2023 консерти тантанавӣ бахшида ба 32-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии «Московский» бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ доираи васеи масъулони Ҳукумати Санкт-Петербург, Вазорати корҳои хориҷӣ, корпуси дипломатӣ, ҳамватанон ва донишҷуён ширкат варзиданд. Ҳунармандон барои ҳозирин шеъру таронаҳои дилписанди тоҷик ва русро пешниҳод намуданд.

2

3

4

 

 

on 09 октябри 2023
Назарҳо: 192

Сентябри соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки диаспораи тоҷик, донишҷуён ва дигар шаҳрвандони кишвар ҷашн гирифта шуд. Дар сухани ифтитоҳи худ Консули генералӣ меҳмононро бо ин ҷашн табрик намуда, ба ҳозирин доир ба дастовардҳои кишвар дар солҳои Истиқлолият маълумот манзур намуд.

2

3

4

 

on 30 сентябри 2023
Назарҳо: 178

27 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони масъули Консулгарии генералӣ бо муовини Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Псков Исаков Виктор Василевич ва шаҳрвандони боздоштшуда, баргузор гардид.     

on 26 сентябри 2023
Назарҳо: 184

21-24 сентябр бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиву маорифӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Калининград, сафари кории Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшо ба ин минтақа аҷом дода шуд. Дар рафти сафар мулоқотҳои ҳайат бо Губернатори вилояти Калининград Алиханов А.А., Раиси шаҳр хонум Дятлова Е.И., Раиси палатаи савдо ва саноати вилоят Лапин Ф.Ф., шаҳрвандон ва донишҷуёни Тоҷикистон, Ректори филиали донишгоҳи «РАНХиГС» академик Плюхин М. баргузор гардид.

2

 

on 14 сентябри 2023
Назарҳо: 254

13 сентябри соли ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ. Назарӣ дар 2-мин Форуми байналмилалии динӣ бахшида ба нақши арзишҳои маънавию ахлоқии динҳои анъанавӣ, рушди муколлама байни динҳо ва миллатҳо дар ҷаҳони муосир иштирок намуд.  

on 05 сентябри 2023
Назарҳо: 124

30 августи соли ҷорӣ вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик ва ҳамаҳангсозони минтақавии он, соҳибкорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 29 августи 2023
Назарҳо: 137

Ҳайати киноматаграфистони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар IV Фестивали байналмилалии филмҳои бадеӣ ва мустанади Россия ва кишварҳои хориҷии наздик ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварданд. Дар фестивал ду филми коргардонҳои ҷавони тоҷик бо номи «Дов» ва «Тоҷикон пайравони ҳақиқат» муаррифи гардиданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштироккунандагон бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

2

3

4

 

on 14 августи 2023
Назарҳо: 207

9 августи соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кумитаҳои равобити байни миллатҳо, сиёсати ҷавонон, муносибатҳои беруна ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот анҷом дод.

on 11 августи 2023
Назарҳо: 165

8 августи соли 2023 дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва ҳамватанони Тоҷикистон вохӯрӣ багузор намуд.

on 09 августи 2023
Назарҳо: 209

7 августи соли ҷорӣ дар бинои намояндагии дипломатӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Латифзода Асрор – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Консули генералӣ ва ҳайати кормандони намояндагӣ баргузор гардид.

on 19 июли 2023
Назарҳо: 181

Дар қароргоҳи Маркази захиравӣ вохӯрии Созмони ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он донишҷӯён ва фаъолони ҳарду ҷониб ширкат доштанд. Сухани ифтитоҳиро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назари Ҳомидҷон Темур ва Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бабаев Алишер Мамажанович оғоз бахшиданд.

on 18 июли 2023
Назарҳо: 169

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург ба диққати ҳамватанон мерасонад, ки аз 01 августи соли 2023 фаъолияти кории худро дар бинои нав, воқеъ дар кучаи (Черняховского 63-65) назди метрои (Лиговский) оғоз менамояд.

on 12 июли 2023
Назарҳо: 158

Санаи 11.07.2023 тариқи маҷозӣ маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

on 06 июли 2023
Назарҳо: 246

6 июли соли 2023 дар Сарраёсати хадамоти федеролии иҷрочиёни судӣ дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Назарӣ бо муовини сардори Сарраёсати иҷрочиёни суди Санкт-Петербург Кашина К.А. ва дигар мусъулини ниҳоди мазкур баргузор гардид.

on 29 июни 2023
Назарҳо: 224

21-23 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург 7-умин Форуми байналмилалии Невский - 2023 таҳти унвони «Нақши Россия дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ: мушкилот, имкониятҳо, дурнамо, қарорҳои идоракунӣ» ва нишасти навбатии Иттиҳодияи минтақавии академияҳои идоракунии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 26 июни 2023
Назарҳо: 202

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шуморо бо муносибати 26-мин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии Иди саиди Қурбон самимона шодбошу муборакбод мегуяд.

on 19 июни 2023
Назарҳо: 214

Аз 14 то 17 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми иқтисодии байналмилалии Петербург - 2023 баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори генералии ҶДММ “Авесто гурӯҳ” ширкат варзиданд.

on 16 июни 2023
Назарҳо: 253

Ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонида мешавад, ки бинобар сабаби шурӯъ шудани мавсими шиноварӣ дар минтақаи иқомат аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. Дар ҷойҳои манъшуда аз шиноварӣ даст кашед. Танҳо дар мавзеҳои расман иҷозат дода шуда оббозӣ намоед.

on 09 июни 2023
Назарҳо: 197

7 июн мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ бо муфтӣ Шайх Равил-ҳазрат Панчеев дар қароргоҳи Идораи динии мусулмонони Санкт-Петербург ва минтақаи шимолу ғарбии Русия баргузор шуд.

on 06 июни 2023
Назарҳо: 199

Санаи 5 июни соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ҷиҳати шиносоӣ аз кору фаъолият ва рузғори ҳамватанон дар бинои “Лахта-центр бо роҳбарияти ширкати сохтмонии “Прайдекс” мулоқот анҷом доданд.

on 26 майи 2023
Назарҳо: 195

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисоди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург Консули генралӣ дар якҷояги бо роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург аз корхонаи маҷмааи чопи “Девиз” дидан намуда барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози назар намуданд.

on 16 майи 2023
Назарҳо: 247

Аз 11 то 13 май соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири адлия, Раиси Суди иқтисодӣ, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

on 10 майи 2023
Назарҳо: 230

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо кормандон 8-9 майи соли равон дар як қатор чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди мазори ёдгории Пискарёв (қабристони дастаҷамъии шаҳидони муҳосираи Ленинград) ва нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамватанамон Тӯйчӣ Эрҷигитов (шаҳри Любан) гулчанбар гузоштанд.

on 01 майи 2023
Назарҳо: 154

28 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 27 апрели 2023
Назарҳо: 190

24 апрели соли ҷорӣ Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни тоҷик “МОСТ” дар осорхонаи “Арктика ва Антарктика”-и шаҳри Санкт-Петербург ҷалассаи коршиносон дар мавзӯи «Тоҷикистон - СҲШ: ташаббуси об ба ифтихори эълони "2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи якдилона кабул карда шуд баргузор гардид.

on 24 апрели 2023
Назарҳо: 198

20 апрели соли ҷорӣ дар Санкт-Петербург бо ташаббуси Клуби дӯстии байни миллатҳои Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Руссия озмуни либосҳои миллии фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон “EthnoStyle” баргузор гардид.

on 20 апрели 2023
Назарҳо: 185

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-18 апрели соли ҷорӣ Консули генералӣ Хомидҷон Назарӣ бо роҳбари корхонаҳои “Констрактор Рус” Алексей Борзенко ва “Слотекс” Любов Хитрова мулоқот анҷом дода барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози назар намуданд.

on 17 апрели 2023
Назарҳо: 172

13 апрели соли 2023 дар Қасри Таврический - қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ Санкт-Петербург, ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

on 11 апрели 2023
Назарҳо: 207

6-8 апрели соли ҷорӣ дар театри “Балтийский дом” маросими ифтитоҳи расмии «Санкт-Петербург – пойтахти фарҳангии ИДМ 2023» бо барномаи консертӣ ва намоиши театрҳои кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

on 07 апрели 2023
Назарҳо: 131

Барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои шимолу ғарбии Россия ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 4 ва 5 апрели соли ҷорӣ сафарҳои кории Консули генералӣ ба вилояти Ленингради Федератсияи Россия анҷом гирифта, бо роҳбарони корхонаҳои бузургӣ ин минтақа «ТУБ ПЛАСТ» Комольцев Андрей Николаевич ва «ГОТЭК” Бородин Сергей Александрович вохӯрию мулоқотҳо баргузор гардиданд.

on 06 апрели 2023
Назарҳо: 142
1 апрели соли ҷорӣ дар “Хонаи миллатҳо” вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
on 03 апрели 2023
Назарҳо: 121

1 апрели соли ҷорӣ бори навбатӣ кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо шаҳрвандони фаъол ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбарияти марказ ва шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда вохӯрӣ намуда, аз шарту шароити будубоши шаҳрвандон дидан намуданд.

on 29 март 2023
Назарҳо: 152

15 март дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – Қасри Таврический, ки маъмулан яке аз маконҳои форум ба ҳисоб меравад VII-мин Форуми меҳнати Санкт-Петербург дар мавзӯи «Танзими равандҳои муҳоҷирати байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ» баргузор гардид.

on 21 март 2023
Назарҳо: 194

17 март бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар Хонаи ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

on 16 март 2023
Назарҳо: 158

14 марти соли 2023 дар шаҳраки Сосновий Бори вилояти Ленинград вохӯрии Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ бо соҳибкорони фаъол, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики минтақаи мазкур баргузор гардид.

on 13 март 2023
Назарҳо: 156
Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ҷамъиятии тоҷикони «Аҷам» дар Маркази боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург чорабинии хайриявӣ баргузор гардид.
on 04 март 2023
Назарҳо: 143

01 марти соли ҷорӣ бахшида ба гиромидошти ҳамватани тоҷик Қаҳрамони Иттифоқи Совети Туйчи Эрҷигитов дар шаҳри Любан бозии дӯстонаи футбол миёни кормандони муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҳокимияти шаҳри Любани вилояти Ленинград дар клуби фитнес-саломатии «Пенедельник 94» баргузор гардид.

on 27 феврали 2023
Назарҳо: 274

26 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Консулгарии генералӣ дар Осорхонаи этнографии шаҳри Санкт-Петербург бо ҳадафи тарғиби тамаддун, анъана ва ҳунарҳои мардуми ҳалқи тоҷик чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонии "Тоҷикистон дӯстонро интизор!" бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз ниҳодҳои давлатии маҳалли иқомат, намояндагони диаспораи тоҷикон, шаҳрвандони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷики ташкилоти “МОСТ” ва наврасону руси макотибҳои таҳсилоти миёна, инчунин шахсони маъюби Маркази рушди “АНИМА” баргузор гардид.

on 23 феврали 2023
Назарҳо: 200

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Шуморо бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

on 17 феврали 2023
Назарҳо: 201
Моҳи феврали соли ҷорӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург бо роҳбар ва намояндагони диаспораи тоҷикони «Сомониён»-и вилояти Архангелск баргузор гардид.
on 14 феврали 2023
Назарҳо: 264

11 феврали соли ҷорӣ дар хонаи миллатҳои Санкт-Петербург чорабинии фарҳангию маърифатӣ «Шоми назми тоҷик» бо иштироки тоҷикони муқим, олимону донишмандон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни фаъол, инчунин намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург ва дӯстдорони назми тоҷик баргузор гардид.

on 13 феврали 2023
Назарҳо: 176

9 феврали соли ҷорӣ вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва соҳибкорони ш.Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 03 феврали 2023
Назарҳо: 183

27 январи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он масъулин аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҳамроҳ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикони ҳавзаи фаъолият иштирок намуданд.

on 28 январи 2023
Назарҳо: 169

27 январи соли 2023 бахшида ба 79-умин солгарди озодшавии пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ ба пояи муҷассамаи “Модар-Ватан” дар қабристони Пискаревский маросими мотам гузоштани гулчанбарҳо баргузор гардид.

on 25 январи 2023
Назарҳо: 241
Моҳи январи соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Хомидҷон Назарӣ бо муовини раиси Кумитаи робитаи берунаи ҳукумати Санкт-Петербург Арбӣ Абубакаров ва сардори Раёсати кишварҳои ИДМ Кассюра Е.В. баргузор гардид.
on 23 декабри 2022
Назарҳо: 291

23 декабри соли 2022 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

on 15 декабри 2022
Назарҳо: 267

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург маълум мекунад, ки ду шарҳрванд аз вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликов Бахтиёр Ҷаборович, 06.06.1993 соли таввалуд ва Маликов Маъруфҷон Бобохонович 04.06.1997 соли таввалуд дар яке аз сохтмонҳои бинои баландошёна воқеъ дар ноҳияи Василеострвскии ш.Санкт-Петербург дар шахтаи лифт машғули кор буда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон аз 13-ум ошёна афтида ба ҳалокат расиданд. Консулгарии генералӣ бо мақомотҳои дахлдори шаҳри Санкт-Петербург дар тамос буда, ҳодисаи мазкурро пайгирӣ дорад.

on 09 декабри 2022
Назарҳо: 324

Ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонида мешавад, ки бинобар сабаби паҳн шудани бемории зуком ва бад гардидани вазъи эпидемологӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. 

on 09 декабри 2022
Назарҳо: 299

27 ноябри соли 2022 кормандони Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург дар таҷлили 22-юмин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии буҷетии хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакон «Транзит» дар Санкт-Петербург иштирок варзиданд.

on 02 декабри 2022
Назарҳо: 323

Дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон, 25 ноябр вохӯрию мулоқоти ҳайти мазкур бо шаҳрвандону муҳоҷирон дар масҷиди “Садовый”, бо роҳбар ва аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷик, роҳбарони диаспораҳои тоҷик ва донишҷӯён дар “Хонаи миллатҳо” баргузор гардид.

on 30 ноябри 2022
Назарҳо: 317

23-24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург конфронси умумирусиягии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Мероси таърихию маънавии ислом ҳамчун омили ваҳдати халқҳо” баргузор гардид.

on 21 ноябри 2022
Назарҳо: 216
17 ноябри соли 2022 дар қароргоҳи шоҳони ш. Калинингради Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини намояндагони Ҳукумати вилояти Калининград, корпуси дипломатӣ, роҳаброни диаспораҳо ва ҳамватонон ширкат варзиданд.
on 14 ноябри 2022
Назарҳо: 366

9-11 ноябри соли 2022 дар Қасри Таврический - қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод» баргузор гардид, ки дар он кормандони муассисаи консулӣ ширкат варзиданд.

on 10 ноябри 2022
Назарҳо: 261

Дар Маркази ҷавонони «Среда» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

on 01 ноябри 2022
Назарҳо: 212

Зимни сафари Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ ба вилояти Архангелск вохӯрӣ бо Петросян Вега Самвелович – муовини аввали губернатори вилояти Архангелск – роҳбари дастгоҳи губернатори вилояти Архангелск ва ҳукумати вилоят, Преминин М. - сардори намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар вилояти Архангелск, Поромов С.В. - муовини вазири рушди иқтисод, саноат ва илм ва Повова И.В. - вазири маориф анҷом дода шуд.

on 24 октябри 2022
Назарҳо: 209

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии Консули генералӣ бо Роҳбари кумитаи робитаҳои хориҷии вилоят, муовини Раис, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии кумита, муовини Намояндагии вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Директори маркази рушди саноат, Директори генералии агентии рушди иқтисод, Директори агентии содирот ва дигар намояндагони расмии вилояти Ленинград доир гардид.

on 20 октябри 2022
Назарҳо: 267

19 октябри соли 2022 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Анҷумани байналмилалии «Иттиҳоди муд» бори аввал баргузор гардид.

on 18 октябри 2022
Назарҳо: 236

Бо мақсади рушд додани муносибатҳои саноати миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург кормандони муассисаи консулӣ аз корхонаи “Айра” (технопарк) дидан намуданд.

on 08 октябри 2022
Назарҳо: 222

7 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

on 04 октябри 2022
Назарҳо: 252

1 октябри соли ҷорӣ ҷамъомади навбатии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, ки дар кори он Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур масъалаҳои эълон гардидани сафарбаркунии ҳарбӣ дар минтақаи иқомат ва амалҳои таҷовускоронаи Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

on 23 сентябри 2022
Назарҳо: 317
21 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ва Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо Мирзоширинов Умедшоҳ филмсози ҷавони тоҷик вохӯрӣ намуда, ӯро барои сазовор гардидан бо ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи Фестивали байналмилалии “Адабиёт ва кино”, ки дар шаҳри Гатчинаи вилояти Ленинград баргузор гардид, табрик намуданд ва барояш бурдборию эҷоди филмҳои нав ба нав таманно намуданд.
on 20 сентябри 2022
Назарҳо: 264

15 сентябр ба ифтихори 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи “City blue” пазироии расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Губернатори Санкт-Петербург Эргашев О.Н. ва намояндагони мақомотҳои мухталифи давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои консулии муқими Санкт-Петербург, иттиҳодияҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои русӣ, васоити ахбори омма, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва ҳамватанони фаъоли шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

on 17 сентябри 2022
Назарҳо: 213

Дар ҳошияи Форуми сармоягузории "Тоҷикистон - Русия" 16 сентябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати Санкт-Петербург Абубакаров Арбӣ ва роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ” Руслан Марк баргузор гардид.

on 14 сентябри 2022
Назарҳо: 228

9 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Хомидҷон Назари бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аъзоёни Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд.

on 10 сентябри 2022
Назарҳо: 206

8 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи иди миллӣ 31-мин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо роҳбари Шӯрои диаспораҳои тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф. ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбари он  Гавриляк Андрей Сергеевич мулоқот ва аз шарту шароити будубоши шаҳрвандон дидан намуданд.

on 07 сентябри 2022
Назарҳо: 297

3 сентябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҷаласаи васеъи Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ҳамроҳ бо сардори Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф.Х. ва роҳбарони диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Великий Новгород Ғафуров Д.А. ва Калининград Расулов Қ.Қ. иштирок намуданд.

on 30 августи 2022
Назарҳо: 227

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург маълум мекунад, ки 28 августи соли ҷорӣ 5 нафар ҷавон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба садамаи автомобилӣ дучор шуда 3 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва 2 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд.

on 23 июни 2022
Назарҳо: 498

15-18 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид дар 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ширкат варзид.

on 09 июни 2022
Назарҳо: 368

Дар бинои муассисаи консулӣ мусоҳибаи Консули генералӣ бо сармуҳаррири маҷаллаи “САМТ Журнал”, ки бо ибтикори ҷавони ватандуст Матин Муҳиддинов дар кишвари иқомат ташкил шудааст барпо гардид.

on 14 майи 2022
Назарҳо: 492

12 майи соли ҷорӣ дар бинои Китобхонаи миллии Россия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба оғози намоишгоҳ таҳти унвони “Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана” бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург, аҳли зиё, ВАО-и маҳалли иқомат, роҳбарони диаспорҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

on 10 майи 2022
Назарҳо: 395

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо кормандон ва донишҷӯёни фаъоли шаҳри Санкт-Петербург 8-9 майи соли равон дар як қатор чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ғалаба” иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди мазори ёдгории Пискарёв (қабристони дастаҷамъии шаҳидони муҳосираи Ленинград) ва нимпайкараи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тӯйчӣ Эрҷигитов (шаҳри Любан) гулчанбар гузоштанд.

on 28 феврали 2022
Назарҳо: 459

Дар бинои хонаи миллатҳо “Дом национальностей” вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.  

on 15 феврали 2022
Назарҳо: 518

Дар Хонаи Миллатҳо ифтитоҳи расмии Шӯрои ҷавонони тоҷики назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор гардид.

on 26 октябри 2021
Назарҳо: 581

Санаи 21-23 октябри соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург ҷиҳати шиносои аз кору фаъолият ва рузгорӣ ҳамватанон ба ширкатҳои сохтмонии “СтройКрафт” ва “Сомониён” ташриф оварда мулоқот анҷом доданд.

on 30 июни 2021
Назарҳо: 1215

Бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург санаи 20-29 июни соли ҷорӣ Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии давлатҳои аъзои ИДМ дар мавзӯи "Кӯдакони Иттиҳод" баргузор гардид, ки дар он мактаббачагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват шуда буданд.