Ҷашни 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

on 25 апрели 2024
Назарҳо: 41

20-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои “Хонаи миллатҳо” Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз ниҳодои давлатии маҳалли иқомат, аҳли илму адаб, намондагони диаспораҳоии тоҷикон, шаҳрвандони бурунмарзӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи ҳалқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуд. Дар идома олимон, донишмандон ва донишҷӯёни тоҷику рус бо маърӯзаҳои мухталиф дар хусуси саҳми Бобоҷон Ғафуров барои пешрафти тамаддуни миллати тоҷик баромад намуданд, инчунин дар зимн филми кӯтоҳмуддат аз зиндагӣ, ашъор ва даврони фаъолияти сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров ба саҳми бинандагон пешкаш гардид.    

Ҳамчунин, дар толор ғурфа бо либосу сузанӣ, нигораю аксҳо, ҳунурҳои мардумӣ, китобҳои муаррификунандаи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон омода карда шуда, ба диққати тамошобинон пешниҳод гардид.

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12