Чорабиниҳои сиёсӣ бахшида ба озодшавии пурраи Ленинград аз блокада

on 29 январи 2024
Назарҳо: 131

26 январи соли 2024 дар Осорхонаи таърихи сиёсии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия намоиши муштараки «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озодшавии шаҳри Ленинград аз блокада» баргузор гардид. Дар чорабини директори муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Осорхонаи таърихи сиёсии Санкт-Петербург, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург, Намояндаи Губернатор, раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират ва роҳбарони дигар идораҳои илмӣ, талабаҳо иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бахшида ба 80-солагии озодкунии пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ маросимҳои ёдбуд ва гулчанбаргузорӣ доир гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди оромгоҳи ёдгории Пискарёв (қабристони дастаҷамъии шаҳидони муҳосираи Ленинград), маҷмаъаи ёдгории ноҳияи Гатчина ва нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамватанамон Тӯйчӣ Эрҷигитов (шаҳри Любан) гулчанбар гузоштанд.    

2

3

4

5

6

7

8

9

10