Бо мақсади рушд додани муносибатҳои саноати миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург кормандони муассисаи консулӣ аз корхонаи “Айра” (технопарк) дидан намуданд.
Ширкати мазкур яке аз корхонаҳои машҳур дар қаламрави Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта дар истеҳсоли мебелҳои ороишӣ барои шаҳрҳо, сохтмони боғчаҳои кӯдакона, таҷҳизотҳои варзишӣ машғул аст. Ширкати “Айра” бо кишварҳои хориҷ ҳамкории зич дошта, нияти васеъ кардани ҷуғрофияи ҳамкориҳояшро дар назар дорад Зимни вохури Консули генералӣ Ҳомидҷон Назарӣ бо раиси шурои директорони ширкат Юрий Берестов, мавзуъи ба роҳ мондани ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.