Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

09 октябри 2018
Назарҳо: 89

Рӯзи 8 октябри соли 2018 дар доираи “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия” дар Театри калони драмавии ба номи Г.А.Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург консерти устодони санъат ва ҷавонони болаёқат ва намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардиданд.


Ба ҷамъомад намояндагони маъмурият ва кумитаҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, муассисаҳои консулӣ, доираҳои илмию эҷодии шаҳр ва ҳамватаноне, ки дар пойтахти шимолии Россия ба сар мебаранд, даъват шуда буданд.
Пеш аз оғози консерт меҳмонони даъватшуда бо намоиши мусаввараҳои рассомони муосири ҷумҳурӣ шинос шуданд. Инчунин дар ин намоиш мусаввараҳои рассом Матлуба Яҳёева, зодаи Тоҷикистон, сокини шаҳри Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуданд.
Дар баромади худ дар назди ҳозирин Раиси Кумита оид ба фарҳанги Санкт-Петербург Константин Эдуардович Сухенко чунин изҳор намуд: “Ин фурсати нодир ва бисёр хушбахтона аст, ки дар Петербург рӯзҳои фарҳангии кишвари ба мо наздик, маҳбуб ва шарики стратегии давлати мо мегузаранд”. Дар навбати худ бо суханронии ҷавобӣ муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб баромад намуд. “Баромад намудан дар саҳнаҳои ду қасри машҳури таърихии санъат барои мо, фиристодагони Тоҷикистони офтобӣ шарафи бузург аст. Дукарата гуворост, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия дар яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё, дар Санкт-Петербург давом доранд. Тоҷикон ҳамеша бо изҳори сипосгузорӣ ёдовар мешаванд, ки балеринаи хеле боистеъдод, артисткаи халқии СССР Малика Собирова дар омӯзишгоҳи хореографии Ваганковои Ленинград тарбия гирфтааст. Инчунин мо ифтихор мекунем, ки ситораи балети ҷаҳонӣ, солисти театри Мариини Санкт-Петербург Фарух Рузиматов ҳамватани мост”.
Дар доираи барномаи консертӣ тамошобинонро вохӯрӣ бо устодони санъати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои беҳтарини консертӣ интизор буд. Дар назди тамошобинон ансамбли давлатии рақсии “Лола”, ансамбли рақсии “Парасту”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев, инчунин сарояндагон – Артистони халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ва Давлатманд Холов ва артистон Шарофат Усмонова, Манучеҳр Раҳмонов, Александр Тагиров, Амирҷон Рузиев, Зафар Абдуалимов, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрофии Кароматулло ва Таҳмина Ниёзова баромад намуданд.
Ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ҷамъомад мутмаинанд, ки “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Россия” ҳамчун рӯйдоди муҳим дар муколамаи фарҳангӣ ва як қадами устувор дар рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия мебошад.