Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар Псков

on 22 июли 2024
Назарҳо: 151

18 июли соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Псков Палагин Александр Николаевич ва шаҳрвандони боздоштшуда, баргузор гардид.     

Зимни мулоқот бо Палагин А.Н. масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан матраҳ гардида, омодагии ҷониби Тоҷикистон барои тезонидани раванди он, иброз карда шуд.

Ҳангоми суҳбат бо шаҳрвандон ба онҳо қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва будубошашон, оқибатҳои вайрон намудани он, инчунин тартиби баррасии парвандаҳои ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби судҳои ваколатдор, фаҳмонда шуд.  Ҳамчунин, ба иттилоъ расонида шуд, ки роҷеъ ба шаҳрвандони боздоштшуда муассисаи консулӣ фавран хабардор мегардад ва барои баргардонидани онҳо ба Ватан ҳаррӯза чораандешӣ менамояд.

2

3