Таҷлили 22-юмин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии буҷетии хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакон «Транзит».

on 09 декабри 2022
Назарҳо: 79

27 ноябри соли 2022 кормандони Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург дар таҷлили 22-юмин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии буҷетии хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакон «Транзит» дар Санкт-Петербург иштирок варзиданд.

Масъулини муассисаи консулӣ аз фурсати муносиб истифода бурда минатдории худро ба роҳбарият ва кормандони ин муассиса барои нигоҳу бин ва бозгардонидани ноболоғони бепарастор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд ва аз номи Консулгарии генералӣ сипоснома тақдим карда шуд. Инчунин, масъулин аз шарту шароити будубоши ва ҳолу аҳволи шаҳрвандони ноболиғ дидан намуда, бо онҳо суҳбат доир карданд.

Муассисаи мазкур ба ноболиғоне, ки дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд ва бе парастории падару модар мондаанд, хизматрасонии иҷтимоӣ намуда, барои интиқол ва бозгашти онҳо ба минтақаҳои Федератсияи Россия ва ҳудуди давлатҳои ИДМ чораандешӣ менамояд.

IMG 20221208 WA0025

IMG 20221208 WA0025

IMG 20221208 WA0025