Конфронси диннии умумирусиягӣ

on 30 ноябри 2022
Назарҳо: 316

23-24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург конфронси умумирусиягии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Мероси таърихию маънавии ислом ҳамчун омили ваҳдати халқҳо” баргузор гардид.


Дар конфронс беш аз 250 нафар ширкаткунандагон ва меҳмонони олимақом аз 17 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳобзода, раиси Марказаи исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаъзам Кодирзода, узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Муродов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург Назарӣ Ҳомидҷон ширкат варзиданд.

IMG 20221126 WA0039

IMG 20221126 WA0033