Тартиби дархости аснод
Ин чӣ маънӣ дорад?
Дархости ҳуҷҷатҳо- ин хизматрасонии консулиест, ки шаҳрванд метавонад дар хориҷи кишвар тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро аз мақомотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намояд.
Дархости ҳуҷҷат дар асоси муроҷиати бевоситаи хаттии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ сурат мегирад. Дар ҳолати ҳузур надоштани онҳо дар асоси боваринома ва ё ваколатномаи намояндагони онҳо амалӣ карда мешавад.
Чунин Хизматрасонӣ ба кӣ амалӣ карда мешавад?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ ё таълимӣ машғул буд, инчунин беш аз 6 моҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекард.
Кадом ҳуҷҷатҳо имконияти дархост карданро доранд?
маълумотнома оид ба доштани /надоштани доғи судӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ додааст (маълумотнома, шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо);
нусхаи қарори суд оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ (гражданӣ) ва оилавӣ;
ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эмгузаронӣ ва ҳолати саломатӣ додааст (маълумотномаҳо, берунннависҳо ва монанди инҳо);
ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро муассисаҳои таълимӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд;
маълумотнома оид ба уҳдадориии ҳарбӣ, ғайр аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад;
маълумотномаҳои бойгонӣ оид ба фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дигар ҳуҷҷатҳои дорои хислати шахсӣ.
Кадом ҳуҷҷатҳо дархост карда намешаванд?
билети ҳарбӣ дар нусхаи асл;
дафтарчаи меҳнатӣ дар нусхаи асл;
шаҳодатномаи ронандагӣ дар нусхаи асл;
парвандаи шахсӣ аз ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин шаҳодатномаи такрорӣ оид ба ақди никоҳ (агар никоҳ бекор дониста шуда бошад) ва шаҳодатнома оид ба таваллуди шахсони вафоткарда низ талаб карда намешаванд.
Дар асоси маълумотҳое, ки дар дафтарчаҳои меҳнатӣ ва билетҳои ҳарбӣ мавҷуданд, бо тартиби муқарраргардида маълумотномаҳо оид ба собиқаи фаъолияти меҳнатӣ ва адои хизмати ҳарбӣ таҳия карда мешаванд.