КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

on 18 майи 2023
Назарҳо: 43

15 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Cronwell Inn» шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти судманди раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Камолиддин бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Санкт-Петербург, роҳбарии Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Санкт-Петербург ва доираи васеъи ширкатҳои сайёҳии минтақа баргузор гардид.

Зимни мулоқоти интерактивӣ роҳбари Кумитаи сайёҳӣ, роҳбарони ниҳоди “Курортҳои Тоҷикистон”, ҶСК Баҳористон”, ширкатҳои сайёҳии “Скай тур”, “Ориент Адвентур” ва Консулгарии генералӣ аз дастовардҳои соҳа, таҷрибаи худ, мавзеҳои сайёҳи, осоишгоҳҳо ва табиати кишвар сухан карда, ҳозиринро барои ҳамкории судманд даъват намуданд.

Ҳамзамон барои ҷалби бештари сайёҳон ва додани имтиёзҳо ба ширкатҳои сайёҳи ҷониби Тоҷикистон бо Директори ҳамкориҳои авиатсионии фурудгоҳи “Пулково” ҳамсуҳбат шуданд.

IMG 20230518 WA0032

IMG 20230518 WA0032

IMG 20230518 WA0027

IMG 20230518 WA0030

IMG 9011