Печать

Конфронси навбатии роҳбарони Ассосиатсияи «Бонувони тоҷир»

on 20 январи 2024
Назарҳо: 105

18-19 январи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург Конфронси навбатии роҳбарони Ассосиатсияи «Бонувони тоҷир» дар мавзӯи «Бонувони тоҷир: дурнамо дар соли 2024. Вазифаи бонувон дар тиҷорат» бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз сохторҳои давлатию хусусӣ, аҳли илму адаб ва фарҳанг, баргузор гардид.

Дар кори конфросн Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ иштирок намуда, роҷеъ ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар барои равнақи соҳибкорӣ байни бонувон, нақши зан дар ҷомеа, саҳми бонувони тоҷик дар рушди кишвар ва хусусан дар соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ, суханронӣ намуд.

Дар ҳошия конфронс мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони ширкатҳо доир гардида, омодагии ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорӣ иброз карда шуд.  

2

3

4