lX Форуми байналмилалии фарҳангӣ

on 20 ноябри 2023
Назарҳо: 322

16-18 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия lX Форуми байналмилалии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанги мамлакат иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ арбобони фарҳангӣ, роҳбарони бузургтарин созмонҳои фарҳангии Россия ва ҷаҳон, коршиносони варзида, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ табодули афкор намуда, тамоюлҳо ва масъалаҳои мубрами рушди фарҳанги муосирро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, 17 ноябр мулоқоти дуҷониба байни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия доир гардид. Дар ҳошияи форум аз ҷониби вазирони фарҳанги ду давлат Барномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид.