Вохурӣ бо шаҳрвандони боздоштшуда дар Псков

on 30 сентябри 2023
Назарҳо: 181

27 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони масъули Консулгарии генералӣ бо муовини Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Псков Исаков Виктор Василевич ва шаҳрвандони боздоштшуда, баргузор гардид.     

Зимни мулоқот бо Исаков В.В. масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан матраҳ гардида, омодагии ҷониби Тоҷикистон барои тезонидани раванди он, иброз карда шуд.

Ҳангоми суҳбат бо шаҳрвандон ба онҳо қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва будубошашон, оқибатҳои вайрон намудани он, инчунин тартиби баррасии парвандаҳои ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби судҳои ваколатдор, фаҳмонда шуд.  Ҳамчунин, ба иттилоъ расонида шуд, ки роҷеъ ба шаҳрвандони боздоштшуда муассисаи консулӣ фавран хабардор мегардад ва барои баргардонидани онҳо ба Ватан ҳаррӯза чораандешӣ менамояд.

Ҳамзамон, иттилои дағалона рафтор намудани кормандони Консулгарии генералӣ зимни суҳбати телефонӣ бо онҳо, ки аз ҷониби Ёров Карим  дар сомонаи иҷтимоии худ (Facebook) паҳн намуда буд, тасдиқии худро пайдо накард. Шаҳрвандон иброз намуданд, ки кормандони муассисаи консулӣ ба онҳо дастрас буда, ба ғайр аз телефони корӣ инчунин шумораи телефонҳоии мобилӣ ва вотсапро низ доро мебошанд, ки дар ҳар лаҳзаи зарурӣ метавонанд масъалаи дилхоҳро пурсон шаванд.