Печать

Вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик ва ҳамаҳангсозони минтақавии он, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, соҳибкорону донишҷӯён ва фаъолони дар Санкт-Петербург

on 05 сентябри 2023
Назарҳо: 127

30 августи соли ҷорӣ вохӯрии навбатии намояндагони муассисаи консулӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик ва ҳамаҳангсозони минтақавии он, соҳибкорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

 Дар оғоз Консули генералӣ иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, роҷеъ ба корҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди кишвар ва чораҳои андешидашуда барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон суханронӣ намуд. Аз ширкаткунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки байни шаҳрвандон ташвиқу тарғиб, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси риояи қонунҳои будубош, урфу одат ва худдорӣ намудан аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, бештар ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи мавзуъ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҷонмаҳмадов Ф. дар хусуси ҷалби донишҷӯён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани маводи мухаддир ва узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ баромад намуда, инчунин даъват ба амал овард, ки барои пешгирӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон бештар ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷом вобаста ба таҷлили 32-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти фарҳангии Россия дар сатҳи олӣ табодули афкори судманд доир гардид.

 

2222222