Печать

Маросими имзои меморандум.

on 19 июли 2023
Назарҳо: 188

Дар қароргоҳи Маркази захиравӣ вохӯрии Созмони ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он донишҷӯён ва фаъолони ҳарду ҷониб ширкат доштанд. Сухани ифтитоҳиро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назари Ҳомидҷон Темур ва Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бабаев Алишер Мамажанович оғоз бахшиданд.

Раиси донишҷӯёни Тоҷикистон Парвиз Мамадов ҳамаи иштирокчиёнро аз фаъолияти ташкилот дар Санкт-Петербург шинос намуд. Дар навбати худ Тимур Юсупов дар бораи фаъолият ва вазифаҳои намояндагии Ассотсиатсияи ҷавонони Ўзбекистонро дар минтақа муаррифӣ кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ин созмонҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар оянда барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни донишҷӯёни ду кишвар пешомадҳои нав мекушояд.

03

03

03