Мулоқот бо роҳбарияти Сарраёсати иҷрочиёни судии СПб

on 06 июли 2023
Назарҳо: 249

6 июли соли 2023 дар Сарраёсати хадамоти федеролии иҷрочиёни судӣ дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Назарӣ бо муовини сардори Сарраёсати иҷрочиёни суди Санкт-Петербург Кашина К.А. ва дигар мусъулини ниҳоди мазкур баргузор гардид.

Роҳбарияти Сарраёсати иҷрочиёни судӣ ҳайати муассисаи консулиро хайрамақдам гуфта, омодагии хешро барои густариши ҳамкориҳо баён намуд.        

Консули генералӣ низ дар навбати худ минатдории худро ба роҳбарият ва кормандони Сарраёсат барои ҳамкории зич бо муассисаи консулӣ иброз намуда, омодагии худро барои равнақ додани ин муносибатҳо иброз кард.

Дар мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳоро, хусусан сари вақт баргардонидани шаҳрвандон, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ба Тоҷикистон матраҳ карданд.

IMG 20230706 WA0017