Ҳамватанони арҷманд!

on 26 июни 2023
Назарҳо: 207

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шуморо бо муносибати 26-мин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии Иди саиди Қурбон самимона шодбошу муборакбод мегуяд.

Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон умедворем бо қадами мубораки худ ҳар яки моро пайрави ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти бунёдкории Пешвои миллат иқболи баланду толеи нек насиб гардонад. Бо таманнои саодатмандиву рузгори осуда орзуи онро дорем, ки ин ҷашнҳои зебову ҳумоюн барои тамоми мардуми сарбаланди кишварамон оромиву осоиш ва рушду шукуфоии бештар биеварад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон муборак бод ҳамдиёрони азиз!