Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!!!

on 16 июни 2023
Назарҳо: 259

Ба маълумоти ҳар як шаҳрванд расонида мешавад, ки бинобар сабаби шурӯъ шудани мавсими шиноварӣ дар минтақаи иқомат аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. Дар ҷойҳои манъшуда аз шиноварӣ даст кашед. Танҳо дар мавзеҳои расман иҷозат дода шуда оббозӣ намоед.

Ба андуҳи зиёд хабар медиҳем, ки аз беаҳамияти, ду ноболиғ духтар дар ҳавзи “Круглый”-и Петергоф наздикии шаҳри Санкт-Петербург шиноварӣ карда, аз сабаби надоштани маҳорати оббозӣ ғарқ шуданд.

Бо кумаки ҳамватанон ҷасадҳо ба Ватан интиқол дода шуданд.