Печать

Мулоқот бо муфтии Санкт-Петербург.

on 09 июни 2023
Назарҳо: 203

7 июн мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ бо муфтӣ Шайх Равил-ҳазрат Панчеев дар қароргоҳи Идораи динии мусулмонони Санкт-Петербург ва минтақаи шимолу ғарбии Русия баргузор шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони диаспораи тоҷикон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо мушкилоти будубоши қонунӣ ва шуғли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, масъалаҳои ҳамгироӣ, таҳсилот, инчунин дар соҳаи рушди фарҳангу маънавии диннӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.