Печать

Оид ба марги ду ҷавони тоҷик

on 15 декабри 2022
Назарҳо: 260

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Санкт-Петербург маълум мекунад, ки ду шарҳрванд аз вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликов Бахтиёр Ҷаборович, 06.06.1993 соли таввалуд ва Маликов Маъруфҷон Бобохонович 04.06.1997 соли таввалуд дар яке аз сохтмонҳои бинои баландошёна воқеъ дар ноҳияи Василеострвскии ш.Санкт-Петербург дар шахтаи лифт машғули кор буда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон аз 13-ум ошёна афтида ба ҳалокат расиданд. Консулгарии генералӣ бо мақомотҳои дахлдори шаҳри Санкт-Петербург дар тамос буда, ҳодисаи мазкурро пайгирӣ дорад.

Муассисаи консулӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро изҳор менамояд.

Ҳамзамон барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан дар якҷоягӣ бо намояндагони диаспораҳои тоҷик чораҳои зарурӣ анҷом дода шуд.