9-11 ноябри соли 2022 дар Қасри Таврический - қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод» баргузор гардид, ки дар он кормандони муассисаи консулӣ ширкат варзиданд.
Дар доираи Форум ҷаласаҳои пленарӣ, мизҳои мудаввар, махсусан афзалиятнокии сайёҳии тиббӣ, мубоҳисаҳои панелӣ, ярмаркаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.