Печать

Ҷамъомади навбатии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург.

on 04 октябри 2022
Назарҳо: 257

1 октябри соли ҷорӣ ҷамъомади навбатии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, ки дар кори он Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур масъалаҳои эълон гардидани сафарбаркунии ҳарбӣ дар минтақаи иқомат ва амалҳои таҷовускоронаи Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҳ. Назарӣ аз ширкаткунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти вазъ дар минтақа байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии иштироки онҳо дар гирдиҳамоӣ ва дигар намудҳои эътирозҳои оммавӣ бештар ба роҳ монда шаванд.

Ҳамчунин доир ба ин масоили 2 октябр вохӯриҳои Консули генералӣ ва масъулини муассисаи консулӣ бо фаъолон ва шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷики марказҳои савдои азими маҳалли иқомат (бозорҳои Софийский ва Салова) баргузор гардид.