Печать

16 сентябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати Санкт-Петербург Абубакаров Арбӣ ва роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон “Корпоратсияи байнал

on 17 сентябри 2022
Назарҳо: 213

Дар ҳошияи Форуми сармоягузории "Тоҷикистон - Русия" 16 сентябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати Санкт-Петербург Абубакаров Арбӣ ва роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ” Руслан Марк баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар ҷиҳати ҷалби сармоя бо назардошти зарфиятҳои фаровони мутақобила табодули афкор намуданд