8 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи иди миллӣ 31-мин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо роҳбари Шӯрои диаспораҳои тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф. ба Боздоштгоҳи муваққат

on 10 сентябри 2022
Назарҳо: 203

8 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи иди миллӣ 31-мин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Консули генералӣ ва кормандони масъули муассисаи консулӣ ҳамроҳ бо роҳбари Шӯрои диаспораҳои тоҷики шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф. ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ №1 (машҳур бо исми Боздоштгоҳи Красное село) ташриф оварда, бо роҳбари он  Гавриляк Андрей Сергеевич мулоқот ва аз шарту шароити будубоши шаҳрвандон дидан намуданд.

Ҳ.Назарӣ минатдории худро ба роҳбарият ва кормандони боздоштгоҳ барои ҳамкорӣ бо Консулгарии генералӣ иброз намуда, қайд кард, ки муносибати дӯстонаи онҳо имконият медиҳад, то муассисаи консулӣ дар хусуси шарту шароити ҳар нафар шаҳрванди боздоштшудаи тоҷикистонӣ иттилоъ дошта бошад.     

Дар вохӯрии намояндагони муассисаи консулӣ бо масъулини боздоштгоҳ, инчунин намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Санкт-Петербург Ивлев Владимир Иванович иштирок варзид.

Баъд аз анҷоми мулоқот, вохӯрии Консули генералӣ бо кулли шаҳрвандони тоқикистонии боздоштшуда баргузор гардид.

Ҳ.Назарӣ шаҳрвандонро бо 31-мин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ орзу намуд. Дар идома, ба шаҳрвандон оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, оқибатҳои вайрон намудани он ва тартиби баррасии парвандаҳои ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби судҳои ваколатдор, фаҳмонда шуд.

Ҳамчунин, роҳбари муассисаи консулӣ оид ба навори пахш намудаи боздоштшудагон дар хусуси тулонӣ қарор доштани онҳо дар марказ, бемору вазбин будани яке аз онҳо ва дар байнашон қарор доштани зани ҳомиладор сухан меравад, пурсон шуд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки маълумотҳои пешкашгардида дар навор сохтакорӣ буда, тасдиқи худро наёфтанд. 

Дар фарҷом, Ҳ.Назарӣ дубора ба ҳозирин муроҷиат намуда қайд кард, ки аз аҳволи нафароне дастгир мешаванд, фавран хабардор мегардад ва барои бозгардонидани онҳо ба ватан ҳаррӯза чораандешӣ менамояд. Ӯ бори дигар шаҳрвандонро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, ба онҳо маводи хурока тақдим карда шуд.

2