Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.

on 07 сентябри 2022
Назарҳо: 289

3 сентябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҷаласаи васеъи Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳ.Назарӣ ҳамроҳ бо сардори Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф.Х. ва роҳбарони диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Великий Новгород Ғафуров Д.А. ва Калининград Расулов Қ.Қ. иштирок намуданд.

Дар аввал баромади Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Д.Қ. роҷеъ ба самтҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии давлат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати дар соли ҷорӣ шунида шуд.

Ҳ.Назарӣ зимни баромади худ дар бораи фаъолияти диаспораҳои тоҷик дар шимолу ғарби минтақаи федеролии Россия маълумот дода, роҷеъ ба таҷрибаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо диаспораҳо ва сарҷамъ намудани онҳо дар зери як сохтор, ба мисли Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, суханронӣ кард.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур роҳбарони диаспораҳои тоҷик аз ҳавзаи Консулгарии генералӣ баромад намуда, назари худро барои беҳбуд намудани шарту шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони тоҷик, роҳҳои пешгирии қонунвайронукунӣ аз ҷониби онҳо ва муаррифи намудани фарҳанги бойи миллати тоҷик дар Россия иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҷаласа аъзои нави Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорат қабул гардида, барои амалӣ намудани бандҳои нақшаи кории Шӯро дар давоми соли ҷорӣ қарор қабул карда шуд. 

13

13