Печать

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Русия

on 13 августи 2020
Назарҳо: 1018

13 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденкоро, ки дар Душанбе бо ҳайати ҳукуматии Русия қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Дар зимн мубодилаи афкор атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА сурат гирифт.