Рафти интихоботи вакилони парламенти Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 01 март 2020
Назарҳо: 1629

Имрӯз, 1 марти 2020 соати 8:00 (бо вақти Москва) дар Участкаи интихоботӣ оид интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия овоздиҳӣ шурӯъ шуд. Дар участкаи интихоботии мазкур он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва дигар субъектҳои шомили Округи федералии шимолу ғарби Россия ба таври муваққат ё доимӣ зист доранд, овоз медиҳанд. Рафти овоздиҳии интихобкунандагонро нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушоҳида мекунанд.