Печать

Интихобот: вохӯри бо шаҳрвандон

on 17 феврали 2020
Назарҳо: 1081

Рӯзи 15 феврали соли 2020 дар бинои муассисаи консулӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо шаҳрвандон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамватаноне, ки дар кишвари иқомат ба сар мебаранд, аз ҷумлаи роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фаъолони диаспора, соҳибкорон ва донишҷӯён иштирок карданд

Консули генералӣ хабар дод, ки рӯзи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи вақилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ӯ гуфт, ки ба ин муносибат дар бинои Консулгарии генералӣ участкаи интихоботӣ ташкил ёфтааст, ки мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 вобаста шудааст.

Даъват карда шуд, ки шаҳрвандон аз хуқуқҳои конститутсионии худ истофода бурда, рӯзи 1 марти соли 2020 дар интихобот иштирок ва тарафдории номзадҳои худ овоз диҳанд.

No images found.