Печать

Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург

on 13 июли 2018
Назарҳо: 1930

12-13 июли соли 2018 дар доираи баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург сафари ҳайати шаҳри Душанбе бо сарварии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба пойтахти шимолии Россия баргузор гардид.



     12 июл ҳайати Душанбе бо ноиби губернатори Санкт-Петербург Сергей Николаевич Мовчан вохӯрд. Дар гуфтушунидҳо бо роҳбарияти Санкт-Петербург маҷмӯи васеи масъалаҳои рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти сиёсати муҳоҷират, меҳнат ва шуғл, дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳандозии бештари забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, инчунин рушди минбаъдаи робитаҳои ду бародаршаҳр - Душанбе ва Санкт-Петербург баррасӣ шуданд. «Санкт-Петербург ва Душанбе ҳамеша робитаи бисёр хуб доштанд, ки дар анъанаҳои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд» - қайд кард М. Зувайдзода. Оид ба натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории самаранок ва татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд изҳори умедворӣ намуданд.
     Худи ҳамон рӯз дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкории Санкт-Петербург ҷаласаи мизи гирд дар мавзӯи «Таъмини зисти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург» баргузор шуд. Дар он муовини раиси кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Петр Тишенко, ба сифати модератор - директори Маркази захираҳои меҳнатии шаҳр Алексей Чистяков суханронӣ карданд. Дар рафти кори мизҳои мудаввар тамоси намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиӣ ва соҳибкории Санкт-Петербург ва Душанбе роҳандозӣ шуда, самтҳои ҳамкориҳои минбаъда мушаххас гардиданд.
     Субҳи рӯзи дигар - 13 июл ҳайати шаҳри Душанбе ба қабристони ёдгории Пискарёв рафт, ки дар он ҷо бо иштироки он маросими гузоштани гулчанбар ва гулҳо дар пояи ёдгории «Ватан-Модар» («Родина-Мать»), инчунин тахтасанги ёдгорӣ бахшида ба ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки ҳангоми ҳифзи Ленингради муҳосирашуда ҷон бохтаанд, баргузор шуд. Ҳамчунин ҳайат аз осорхонаи Қабристони ёдгории Пискарёв дидан карда, раҳбари ҳайти Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар китоби меҳмонони фахрӣ имзо гузошт.
      Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳои Маҳмадсаид Зувайдзода бо Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода, инчунин бо диаспораи тоҷики муқими Санкт-Петербург доир гардиданд. М.Зувайдзода арзу хоҳиши ҳамватанонро шунида, ба саволҳои онҳо посух дод.
     Ҳамчунин дар доираи кор дар чаҳорчӯбаи барномаи соҳавӣ он рӯз аъзои ҳайат аз корхонаҳои нақлиётии Санкт-Петербург, иншоотҳои сохтмони манзил, яке аз марказҳои тибии шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии "Водоканал Санкт-Петербурга", дидан карданд, роҷеъ ба пешомадҳои ҳамкориҳо дар ин самтҳо гуфтушунидҳо баргузор шуданд.
     Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург бо консерти идона дар театри мусиқии камеравии «Санктъ-Петербург опера» анҷом ёфтанд. Дар консерт ҳунарпешагони намоёни Театри опера ва балете ба номи Садриддин Айнӣ, ҳунарпешагони балет Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова, овозхонҳои операвӣ Шарофат Усмонова ва Амирҷон Рӯзиев, пианинонавоз Рафоат Шоазимова и овозхони эстрадӣ Зафар Абдуалимов баромад карданд. Меҳмонон аз Душанбе ба ҷомеаи муқимӣ беш аз 10 порчаи намоишномаҳои классики, аз ҷумла, аз балети оҳангсози тоҷик Шуҳрат Ашуровро пешкаш намуданд.
     Оид ба натиҷаҳои чорабиниҳо дар бораи гузаронидани миссияи фарҳангии Санкт-Петербург дар Душанбе дар моҳи октябри соли 2018 мувофиқа ҳосил шуд.