Вохӯрии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе бо намояндагони диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург

on 18 июли 2018
Назарҳо: 1875

13 июли соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода бо намояндагони диаспораи тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.


      Дар ҷамъомад Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода, ҳамватанони сокини кишвари иқомат, бо шумули роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, намояндагони доираҳои илмию эҷодӣ, инчунин донишҷӯён иштирок доштанд.
      Дар баромади худ назди ҳозирин Консули генералӣ аъзои ҳайати Душанберо хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкории ду бародаршаҳр - Душанбе ва Санкт-Петербургро зикр намуд ва дар ин робита ба моҳияти сафари ҳайат аз пойтахти ҷумҳурӣ барои рушди муносибатҳои тарафҳо баҳои баланд дод. Д. Назризода чанд самтеро, аз қабили шаҳрсозӣ, тиб, маориф, саноат, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ номбар кард, ки минбаъд низ корро талаб дорад. «Дар дуюмин шаҳри муҳимтарини Россия дар самтҳои зикршуда зарфияти калони ҳамкорӣ мавҷуд аст» - қайд кард дипломати тоҷик.
      Зимни суханронии худ дар назди ҳамватанон Маҳмадсаид Зувайдзода дар бораи кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст, аз ҷумла Россия, роҷеъ ба гуфтушунидҳои баргузоршудаи ҳайати Душанбе бо ноиби губернатор ва роҳбарони сохторҳои маъмурии шаҳри Санкт-Петербург нақл карда, пешрафти чашмрасро дар ҳамкории байни ду шаҳр зикр намуд. Ӯ ҳамчунин дар бораи корҳои зиёди анҷомёфта ҷиҳати рушди пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маълумот дода, ба соҳибкорон пешниҳод намуд, ки дар доираи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои худро амалӣ намоянд.
      Дар навбати худ аз номи диаспора Бахтибек Бердов – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик, Мурод Усмонов – раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Аҷам», Мақсуд Зокиров – раиси Шӯрои соҳибкорони назди Консулгарии генералӣ, Довуд Ғафуров – роҳбари диаспораи тоҷик дар шаҳри Великий Новгород, Аминҷон Абдураҳмонов – роҳбари укмитаи иҷроияи иттиҳодияи ҷамъиятии «МОСТ», Асрор Иброҳимов – сардухтури муассисаи мунитсипалии тандурустии вилояти Ленинград «Любанская поликлиника», Зарифҷон Юлдошев – номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи давлатии аграрии Санкт-Петербург, Фирӯз Азимов – номзади илмҳои тиб, Мӯъминҷон Шарифов – тарҷумон ва дигарон баромад карданд. Нотиқон аҳамияти сафари ҳайати Душанберо ба Санкт-Петербург зикр карда, роҷеъ ба корҳои анҷомдода ҷиҳати беҳсозии шароитҳои зисти ҳамватанон ҳарф заданд, инчунин роҷеъ ба рушду таҳкими ҳамкории шаҳри Душанбе бо пойтахти шимолии Россия дар самтҳои гуногун, аз ҷумла оид ба табодули тоҷриба байни мутахассисон, гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ ва ғайра як қатор таклифҳо пешниҳод карданд.
      Дар фарҷоми вохӯрӣ Маҳмадсаид Зувайдзода ба саволҳои бамиёномадаи шаҳрвандон посух дода, ба ҳамватанон барои ширкати фаъолонаашон дар рушди Тоҷикистон сарфи назар аз он ки дар хориҷа қарор доранд, изҳори сипос намуд.
      Сипас вохӯрии алоҳидаи Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода баргузор гардид.
      Дар вохӯрӣ Д. Назризода дар бораи фаъолияти Консулгарии генералӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, ҳолату дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои Россия, роҷеъ ба чораҳо ҷиҳати дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ маълумот дода, инчунин оид ба масъалаҳои аҳамиятноки шаҳрвандони тоҷикистонии муқими ҳавзаи консулӣ, ки дар ҳалли онҳо кормандони муассисаи консулӣ мусоидат мекунанд, ибрози андеша намуд.
      Дар навбати худ, М. Зувайдзода ба Консули генералӣ барои қабули гарм дар пойтахти шимолии Россия изҳори миннатдорӣ намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои мусбати мувофиқаҳои ҳосилшуда дар рафти сафари ҳайати Санкт-Петербург ба Душанбе дар моҳи сентябри соли гузашта, инчунин аз мароми роҳбарияти пойтахти Тоҷикистон оид ба тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ёдовар шуд.
      Сипас мавзӯи ҳамкории байни ду бародаршаҳр - Душанбе и Санкт-Петербург мавриди муҳокима қарор гирифт.