Печать

Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Санкт-Петербург

on 27 июни 2018
Назарҳо: 1568

Рӯзи 27 июни соли 2018 дар бинои Конулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади ҷашнӣ баргузор шуд.


Дар чорабинӣ ҳамватаноне, ки дар кишвари иқомат ба сар мебаранд, аз ҷумлаи намояндагони диаспора, доираҳои илмию эҷодӣ, соҳибкорон, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо суханони табрикӣ баромад намуда, саҳми бузург ва марказии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давраи тақдирсози хотима бахшидан ба ҷанги гражданӣ, оштӣ додани тарафҳои муқобил, таъмин намудани осоиштагӣ, ваҳдат ва рушди устувори кишвар қайд кард. Бо ишора ба вазъи мураккаби солҳои аввали истиқлолият дар натиҷаи муқовимати дохилӣ Д.Назризода зикр намуд, ки танҳо пас аз имзо шудани Созишномаи сиёсии сулҳи тоҷикон сармоягузорӣ ва рушду инкишофи кишвар шурӯъ шуд.
Дар навбати худ М.Усмонов – раиси Созмони ҷамъиятии тоҷикистониҳои Санкт–Петербург “Аҷам”, Х.Алиев – имом-хатиби масҷиди “Садовий”, Х. Саркисян – собиқ солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва дигар намояндагони диаспораи тоҷик дар суханони табрикии худ хизматҳои шоистаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаи ихтилофи байни тоҷикон ва муттаҳидии аҳолӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ваҳдати ростин бояд ҳамеша ҳифз карда шавад.
Дар назди меҳмонон ҳайати эҷодии намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷики муқими Санкт-Петербург бо суруду оҳангҳои милли баромад намуд, шеърҳои шоирони Тоҷикистон қироат шуданд. Барои иштирокчиён дастархон ороста шуд ва таъомҳои миллӣ пешниҳод карда гардиданд.