Печать

Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо раиси кумитаи фарҳанги вилояти Ленинград

on 26 июни 2018
Назарҳо: 1574

26 июни соли 2018 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо раиси кумитаи фарҳанги вилояти Ленинград Евгений Валеревич Чайковский баргузор гардид.


      Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Ленинград дар соҳаи фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
      Зимни суҳбат Консули генералӣ оид ба рушди фарҳани Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир маълумот дода, зикр намуд, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ бунёд ёфтанд, оркестри симфонии давлатӣ ба фаъолият шурӯъ кард, беш аз 20 театр, қасрҳо ва марказҳои фароғатӣ сохта ба истифода дода шуданд, як қатор муассисаҳои фарҳангии кишвар тармиму таҷдид гардиданд.
      Дипломати тоҷик қайд кард, ки ҳоло барои кор дар муассисаҳои фарҳангӣ дар се мактаби олии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, бо шумули Россия, мутахассисон тайёр карда мешаванд. «Аз ҷумла, мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин мактабҳои олии пойтахти шимолии Россия, мисли Донишкадаи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург ва Донишкадаи давлатии кино ва телевиденияи Санкт-Петербург таълим мегиранд» - илова кард Д.Назризода.
      Дар навбати худ Е. В. Чайковский дар бораи зарфиятҳои вилояти Ленинград барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нақл карда, пешниҳод кард, ки дар ин самт ҳамкориҳои нисбатан фаъолтар роҳандозӣ шаванд, имконияти табодули ҳайатҳои фарҳангӣ баррасӣ шавад.
      Дар рафти мулоқот роҷеъ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо мувофиқа ҳосил шуд.
Консули генералӣ аз раиси кумитаи фарҳанг даъват ба амал овард, ки дар консерти устодони санъати Тоҷикистон, ки 8 октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург дар Театри калони драмавии ба номи Г.А.Товстоногов дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт, иштирок намояд.