Печать

Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо Ректори Донишкадаи Смолний

on 31 майи 2018
Назарҳо: 1419

31 майи соли 2018 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо Ректори Донишкадаи Смолнийи Академияи маорифи Россия Виктор Прокопевич Казантсев баргузор гардид.


      Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф баррасӣ намуда, аз ҷумла оид ба масъалаҳои омода намудани кадрҳо бо барномаи бакалавриат ва магистратураи донишкада, дохилшавии довталабон аз Тоҷикистон ба донишгоҳ, имкониятҳои ба роҳ мондани омӯзиши фосилавии (дистантсионӣ) ҷавонони ҷумҳурӣ ва ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ, лоиҳаҳои ҷадиди таълимӣ, баргузор намудани чорабиниҳои илмии дуҷониба ибрози андеша карданд.
     Д. Назризода зикр намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии ш. Санкт-Петербург барои хоҳишмандон аз ҷумлаи ҷавонони тоҷик имкониятҳои муфид ҷиҳати бурдани тадқиқоти таърихи кишвари худ мавҷуд аст. Дар ин радиф дипломати тоҷик қайд кард, ки Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Россия омода аст дар ин самт ҳамкорӣ намояд.
       Дар навбати худ В. П. Казантсев оид ба имконпазир будани роҳандозии омода намудани мутахассисон оид ба тадқиқи таърихи Тоҷикистон, ибрози ақида намуда, изҳор кард, ки ҷараёни омӯзишро метавон аз зинаи мактаби олӣ оғоз намуда, сипас дар аспирантура то ба ҳимояи корҳои илмии диссертатсионӣ дар асоси сарчашмаҳои махфузшудаи бойгонии ш. Санкт-Петербург ба роҳ монд.
      Ҳамзамон тарафҳо ба қароре расиданд, ки минбаъд сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро инкишоф медиҳанд. Дар фарҷоми вохурӣ аз тарафи Консули генералӣ ба В. Казантсев тӯҳфаи хотирмон – кундали миллӣ бо нақшу нигори ҳунармандони тоҷик тақдим карда шуд.