Печать

Дар Санкт-Петербург Шӯрои соҳибкорони тоҷик таъсис ёфт

on 22 майи 2018
Назарҳо: 1345

Рӯзи 20 майи соли 2018 дар бинои муассисаи консулӣ вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Давлаталӣ Назризода бо соҳибкорони тоҷики муқими Санкт-Петербург баргузор гардид.

Консули генералӣ дар баромади худ оид ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон шудани “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии Роҳбари давлат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад мухтасар маълумот дод. Инчунин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳозирин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро байни муҳоҷирони меҳнатӣ шарҳ дода, моҳияти онро фаҳмонанд. Дар охир Консули генералӣ саҳми соҳибкоронро ҷиҳати кумак ба ҳамватанон ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ қайд карда, ба онҳо изҳори сипос намуд.
Сипас маҷлиси соҳибкорон бо иштироки Консули генералӣ, кормандони муассисаи консулӣ ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик Б.Бердов доир гардид. Дар маҷлис масъалаи ташкил намудани Шӯрои соҳибкорони тоҷик баррасӣ шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии кушод Шӯрои соҳибкорон интихоб карда шуд, ки ба он 7 нафар соҳибкор шомил шуданд. Дар навбати худ аъзоёни Шӯро раис ва 2 ҷонишини ӯро интихоб намуданд. Шӯро дар назди муассисаи консулӣ таъсис гардида, ҷиҳати муттаҳид намудани соҳибкорони диаспораи тоҷик, мусоидат намудан ба фаъолияти соҳибкорон, таҳия ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои алоҳида, омӯзиши соҳибкорони ҷавон ва дастгирии соҳибкорон, кумакрасонӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни корхонаҳои Тоҷикистон ва Санкт-Петербург кор хоҳад бурд.