Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Любани вилояти Ленинград

on 09 майи 2018
Назарҳо: 1590

9 майи соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо ҳамроҳии кормандони муассисаи консулӣ дар ҷамъомади ботантана бахшида ба 73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар назди ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Туйчи Эрйигитов дар шаҳри Любани вилояти Ленинград иштирок кард.

Дар ҷамъомад роҳбарони маъмурияти шаҳри Любан, аъзоён ва фаъолони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик, донишҷӯён, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокинони шаҳри Любан ва маҳалҳои аҳолинишини гирду атрофи он иштирок карданнд.
Консули генералии Тоҷикистон ва Роҳбари маъмурияти шаҳрии Любан Николай Николаев дар назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Туйчи Эрйигитов гулчанбар гузоштанд.
Давлатали Назризода дар назди иштирокчиёни ҷамъомад баромад намуда, оид ба саҳми тоҷикистониён дар мубориза бар зидди душмани умумӣ- истиллогарони фашистӣ нақл кард. Ӯ қайд намуд, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон, ки аҳолиаш ҳамон вақт 1.5 миллион одамро ташкил мекард, зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг фиристода шуд ва аз онҳо қариб 100 ҳазор нафарашон аз фронт барнагаштанд. Фарзандони Тоҷикситон дар фронтҳои хунини ҷанг қаҳрамониҳои беназир нишон доданд. Дар байни ин қаҳрамонон Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Туйчи Эрйигитов низ буд, ки қаҳрамонӣ нишон дода ҳалок шуд ва дар ин ҷой – дар Любан ба хок супорида шудааст.
Пас аз хотимаи ҷамъомад консерти якҷояи идона бо иштироки ҳунармандон аз ҷумлаи диаспораи тоҷик, донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дастаҳои ҳунарии маҳаллӣ ташкил карда шуд. Ба иштирокчиёни ҷамъомади идона оши палави тоҷикӣ пешниҳод карда шуд.
Дар доираи ҷорабиниҳо вохӯрии кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва Роҳбари маъмурияти шаҳрии Любан баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.