Печать

Мусобиқаи варзишӣ бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди бозори “Сенной”

on 26 март 2017
Назарҳо: 1544

26 марти соли 2017 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода ба мусобиқаи гуштини тарзи озод дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба муносибати иди Наврӯз дар бозори “Сенной” ташкил карда шуда буд, ташриф овард. Аз рӯи маълумоти политсияи Санкт-Петербург дар майдони мусобиқа зиёда аз 4 ҳазор нафар ҷамъ шуданд.
Давлаталӣ Назризода дар назди шаҳрвандон баромад карда ҳамватанонро бо иди мунаввари Наврӯз табрик намуд ва аз оғози фаъолияти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.
Дипломати тоҷик ба ташкилкунандагони ин иқдом арзи сипос намуд ва таъкид кард, ки шаҳрвандон қонунгузории Россияро риоя карда, нисбат ба он ва урфу одати маҳаллӣ эҳтиромона рафтор намоянд.
Дар фарҷоми мусобиқа Консули генералӣ ва дигар кормандони Консулгарӣ ба саволҳои шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои консулӣ ва кӯмаки бевосита ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавоб доданд.