Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо муовини прокурори Санкт-Петербург

on 11 июли 2017
Назарҳо: 1533

11 июли соли 2017 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо муовини прокурори ш.Санкт-Петербург Игор Резонов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Консулгарии генералӣ бо прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург роҷеъ ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд.


Зимни муколамаи созанда Давлаталӣ Назризода зикр кард, ки дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград қариб сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунад, ки қисми зиёди онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. «Табиист, ки онҳо дар ҷараёни кор бо мушкилот дучор меоянд, хусусан бо пардохт нашудани музди меҳнат ва дар ин маврид баъзе корфармоёни бевиҷдон муносибатҳои меҳнатиро ба расмият надароварда, аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон сарпечӣ мекунанд. Ғайр аз ин, аз сабаби надонистани қонунгузории Россия қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ сафҳои шахсони ғайриқонуни будубошдоштаро зиёд мекунанд», - гуфт дипломати тоҷик.
Оид ба натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ҷир тамос будан роҷеъ ба ҳалли фаврии масъалаҳои пешоянда дар ҳолатҳои зарурӣ ба мувофиқа расиданд.