Вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург

on 19 апрели 2017
Назарҳо: 1217

19 апрели соли 2017 дар Смолний вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода бо Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург Евгений Дмитриевич Григорев баргузор гардид. Дар мулоқот раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Д.С.Чернейко, Раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират дар Санкт-Петербург О.И.Махно, муовини аввали Раиси Кумитаи маориф Ю.В.Солянников, намояндагони Кумитаи илм ва мактабҳои олии шаҳр ширкат варзиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербургро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, рафти амалишавии тавофуқҳои дар натиҷаи вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия И.Сатторов бо Губернатори Санкт-Петербург Г.С.Полтавченко (16 марти соли 2017) ҳосилшуда муҳокима шуданд.
Масъалаҳои зерин аз ҷумлаи мавзӯъҳои суҳбат буданд:
- ташкили омӯзиши забони русӣ аз ҷониби омӯзгорон дар Тоҷикистон;
- имконияти зиёд кардани квотаҳо барои донишҷӯё1ни тоҷик дар мактабҳои олии Санкт-Петербург;
- ташкили сафари ҳайати фарҳангӣ-кории Санкт-Петербург ба Душанбе тирамоҳи соли равоан ва Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург дар соли 2017;
- мувофиқасолии созишномаи иловагӣ ба Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ҳукумати Душанбе ва ҳукумати Санкт-Петербург аз соли 1999 бо Нақшаи амалҳои муштарак барои солҳои 2017-2018;
- масъалаҳои соҳаи сиёсати муҳоҷират ва фаъолияти меҳнатӣ.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург Евгений Дмитриевич Григорев ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода дар вазифаи нав муваффақиятҳо орзу карда, роҷеъ ба ҳамкории конструктивии минбада ба нафъи сокинони кишварҳо ва шаҳрҳои мо изҳори боварӣ намуд.