Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори Санкт-Петербург

on 16 март 2017
Назарҳо: 1721

16 марти соли 2017 дар Смольный вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Губернатори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон И.Сатторов нахустин Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризодаро расман муаррифӣ неамуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки Консулгарии генералӣ ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба, муайянсозии самтҳои нави афзалиятноки ҳамкорӣ ва осонгардонии раванди хизматрасонии консулии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Санкт-Петербургро дар чунин самтҳо, мисли саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, илм ва техника баррасӣ намуданд.
Сафир ҳамчунин ҷиҳати ташкил кардани сафари ҳайати фарҳангӣ-кории Санкт-Петербург ба Душанбе дар тирамоҳи соли равон изҳори омодагӣ намуда, ваъда дод ки роҷеъ ба мувофиқасозии гузаронидани Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петербург мусоидат хоҳад кард.
Георгий Полтавченко зикр кард, ки бозори пойтахти шимолӣ ба воридоти маводи хӯрока аз Тоҷикистон ҳавасманд аст. Дар навбати худ Петербург омода аст, ки ба шарикон дорувории баландсифат ва дигар молҳои истеҳсоли худашро пешкаш намояд.
Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бо шумули таҳкимбахшии ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус дода шуд.
Мавзӯи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Петербург ва масъалаҳои ташкили омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин дар рафти суҳбат муҳокима шуданд. Сафири Тоҷикистон зарурати зиёд кардани квотаҳоро барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Санкт-Петербург зикр кард.
Губернатор Г.Полтавченко ҷиҳати ба Тоҷикистон фиристодани адабиёти таълимӣ-методӣ, инчунин ташкили сафарҳои хизматии омӯзгороне, ки барои ҳамкасбони тоҷикашон семинар мегузаронанд, изҳори омодагӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот Георгий Полтавченко ба Давлаталӣ Назризода дар вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург муваффақиятҳо орзу намуд.