Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Таврикии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

on 07 сентябри 2017
Назарҳо: 1729

 7 сентябри соли 2017 дар толори Екатеринаи Қасри Таврикӣ бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қабули расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ректорҳои донишгоҳҳо, сарони намояндагиҳои дипломатии муқими Санкт-Петербург, намояндагони доираҳои илмию эҷодӣ, ҷамъияти тоҷикон ва дигар меҳмонон иштирок карданд. Дар баромади худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода оид ба таърихи 26-солаи ҷумҳурӣ маълумот дода, дастовардҳои давлатро дар ин муддат чашмрас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии халқ дар кишвари тоҷикон сулҳ барқарор гардид, ислоҳот гузаронида шуд, инкишофу рушди соҳаҳои мухталифи саноати иқтисодию иҷтимоӣ таъмин гардид. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки истиқлолият водор сохт то дар масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки ба инкишофи ояндаи ҷумҳурӣ мансуб доранд, чораҳои қавӣ андешида шаванд. “Дар ин робита, аз ҷониби роҳбарияти давлат се ҳадафи стратегӣ муяйян шуд шуд: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ. Мо итминон дорем, ки чораҳои тарҳрезишуда дар ҳуҷҷатҳои барномавию стратегӣ, барои инкишофи минбаъдаи давлат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳаёти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ боис хоҳад шуд” - қайд намуд Д. Назризода. Дар баромади худ дипломати тоҷик ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дахл намуда, қайд кард, ки кушодашавии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург аз инкишофи ботадриҷи муносибатҳои ду давлат шаҳодат медиҳад. Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ А.И. Сергеев зимни баромадаш бо суханони шодбошӣ ба меҳмонон чунин муроҷиат кард: “Бо руҳбаландии бузург дӯстонро аз Тоҷикистон шодбош мегӯям. Табрикоти самимии маро ба муносибати муҳимтарин ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қабул намоед. Боиси хушнудист, ки қабули расмӣ ба ин муносибат дар Қасри Таврикӣ, ки ин ҷо парламентариҳои кишварҳои ИДМ кор мекунанд, баргузор мешавад”. Раиси Кумитаи муносибатҳои хориҷии вилояти Ленинград А.Ю. Минин аз номи губернатор ва истиқоматкунандагони вилоят ба халқи Тоҷикистон сулҳу пешрафтро орзу намуда, изҳор намуд, ки вилоят ҷиҳати давом додани муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ манфиатор мебошад. Аз номи Раиси Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург В.С. Макаров намояндаи ваколатдор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ В.С. Ягя баромад карда, иброз намуд, ки Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шаҳри ҳамёр – Душанбе яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ҳисобида, кулли ташаббусҳои дӯстони тоҷикро, ки ба самти таҳким бахшидани муносибатҳо равона гардидаанд, дастгирӣ менамояд. Дар анҷоми қисмати расмӣ сардори Раёсати ИДМ ва минтақаҳои Россияи Кумитаи муносибатҳои хориҷии Санкт-Петербург Е.В.Кассюра паёми табрикотии Раиси Кумитаи мазкур Е.Д. Григорьевро қироат намуд. Ба барномаи фарҳангии чорабинӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Пеш аз оғози қабули расмӣ меҳмонон аз садои асбоби мусиқии орган баҳравар шуда, ҳамзамон даъватшудагон аз толорҳои бошукуҳи Кохи Таврикӣ дидан намуданд. Дар фарҷоми қисмати расмии чорабинӣ кулли меҳмонон барои чашидан ва ҳаловат бурдан аз таомҳои гуногуни анъанавии миллӣ ва аврупоӣ назди миз даъват карда шудаанд. Қабули ботантана таҳти баромадҳои ҳайятҳои фарҳангӣ-эҷодии тоҷикӣ ҳамроҳӣ шуда, меҳмонон тавонистан аз навозиши мусиқии асбобҳои миллӣ ҳаловат баранд. Чорабинӣ дар шароити гарму дӯстона гузашта, ба меҳмонон хотираи нек аз меҳмоннавозии тоҷикона боқӣ гузошт.