Печать

Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Санкт-Петербург

on 28 июни 2017
Назарҳо: 1446

28 июни соли 2017 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади ҷашнӣ доир гардид. Дар чорабинӣ ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, соҳибкорон ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ҳузур доштанд. Зимни суханронии худ Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода аз воқеаҳои ваҳшатбори солҳои аввали истиқлолият ва раванди сулҳ, ба имзо расидани Созишномаи сиёсии сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, нақши бузургу марказии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марҳилаи тақдирсоз ҷиҳати хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба сулҳу салоҳ овардани тарафҳои даргир, таъмини суботу ваҳдат ва рушди устувори кишвар махсусан таъкид намуд. Консули генералӣ роҷеъ ба дастовардҳои бузурги ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони корхонаву иншоотҳои гуногун сухан ронда, қайд кард, ки яке аз заминаҳои асосии ҳамаи ин комёбиҳо ваҳдату ягонагии сокинони ҷумҳурист. Ӯ аҳли нишастро бо ҷашни бузург - 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошанд, дар кишвари иқомат ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Дар ҷамъомад раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии минтақавии «Помир» Б.Бердов, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Аҷам» М.Усмонов, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Сомониён» А.Маҳмадов, имом-хатиби масҷиди «Сенная» Х.Алиев, директои генералии ширкати саҳҳомии «ДАДЛ» Д.Заидов ва дигарон бо суханони табрикӣ баромад карда, аз нақши бузурги Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти тоҷикон ва сарҷамъ овардани мардум, аз вартаи фалокат наҷот бахшидани кишвар ёдовар шуданд, ҷиҳати боз ҳам муттаҳид шудану ҳифз намудани ваҳдати ростин даъват намуданд. Дар ҷамъомади идона ба иштирокчиён таомҳои миллӣ пешниҳод гардид, дастаи ҳунармандон суруду оҳангҳои миллиро иҷро кард.