КОНСУЛГАРИИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

P1010040

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар,
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар 19 декабри соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Маълумоташ олӣ – факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1987), шӯъбаи журналистикаи Мактаби олии комсомоли назди КМ ВЛКСМ дар ш. Москва (1989), факултети бизнес ва молияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷерро (1997) хатм кардааст.
Забонҳои русӣ, форсӣ ва англисиро медонад.
Номзади илмҳои таърих.
Рутбаи дипломатии Мушовири дараҷаи I дорад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2010 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (1995).
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (2000).
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Чанд сол дар вазифаҳои гуногуни созмони ҷавонони ҷумҳурӣ кор кард:
1987-1988 – ҷонишини мудири шӯъбаи мактабҳо ва пешоҳангони кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб;
1989-1990 – ёрдамчии Котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон;
1991 – 1992 – Котиби матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон;
1992-1993 – мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;
1993-1996 – Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон».

Аз феврали соли 1996 дар кори дипломатӣ:
02.1996-02.2003 – муовини сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
02.2003-03.2007 – мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус;
03.2007-04.2011 – сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
04.2011-04.2013 - сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
04.2013-08.2016 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус;
Аз 3 январи соли 2017 - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.