ЭЪЛОН

on 17 феврали 2020
Назарҳо: 1122

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки рӯзи 1 марти соли 2020 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.


Барои овоздиҳии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург, вилояти Лениград ва дигар субъектҳои Россия дар минтақаи Шимолу Ғарб зист доранд, участкаи интихоботӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург (кӯчаи Тамбовская 10) ҷойгир шудааст. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд рӯзи 1 март аз соати 06.00 то 20.00 дар овоздиҳӣ иштирок намоянд.