Ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 24 ноябри 2019
Назарҳо: 1665

24 ноябри соли 2019  дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аъзоёни шӯрои ҷавонони Тоҷикистон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ  ҳузур доштанд.

Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода қайд кард, ки давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон таърих ва  анъанаҳои қадима қадима дорад. Ӯ зикр намуд, ки аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад ва “Дирафши ковиён” намунаи барҷастаи он аст. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин рамзи давлати мустақили Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа ва дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии  диаспораи тоҷик Ф.Бердов, раиси Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон Б.Фармонов ҳозиринро бо ин муносибат  табрик намуданд.

Дар назди меҳмонон ҳайати эҷодии донишҷӯёни тоҷики муқими Санкт-Петербург баромад кард.

Барои иштирокчиён дастурхон ороста шуд ва таъомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.