Ҷашни 25-умин солгарди Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

on 14 ноябри 2019
Назарҳо: 1805

12 ноябри соли 2019  дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни “Клуби дӯстони Тоҷикистон”, ҳамватанони муқими кишвари иқомат аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯён  ҳузур доштанд.

Зимни суханронии худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода қайд кард, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи душвори таърихи навини тоҷикон рост омад. Халқи тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он поягузори истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад. Нақши роҳбарикунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия ин санади олии сиёсиву ҳуқуқиро ба маромномаи халқ табдил дод. Ӯ махсусан таъкид намуд, ки “имрӯз ҳамаи мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, ки дар Конститутсия сабт гардидааст, бояд дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин ҳимояи дастовардҳои истиқлолият саҳми назаррас дошта бошем”. Ба андешаи ӯ эҳтиром ва ҳифз намудани Конститутсия шараф ва вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик Ф.Бердов иброз дошт, ки Конститутсия дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон, муттаҳидии мардум ва пешрафти ҷумҳурӣ нақши бузург бозид. Ректори донишгоҳи Смолний, узви “Клуби дӯстони Тоҷикистон”  В. Казантсев дар сухани табрикии худ қайд кард, ки дар чанд соли қабл дар Тоҷикистон кор карда буд ва дар сафари ахираш шоҳиди дигаргуниҳои ҷиддӣ гардид, шаҳри Душанбе хеле дигаргун шудааст, роҳҳо сохта шудаанд, рафтуомад бо кишварҳои ҳамсоя хеле осону хуб гардидааст.

Дар назди меҳмонон Хачатур Саркисян – собиқ солисти театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ  баромад намуда таассуроти худро дар бораи тараққиёти шаҳри Душанбе баён карда, гуфт, ки “мо ягон лаҳза бе ёди Тоҷикистон нестем”. Сипас ӯ бо ҳайати эҷодии диаспора оҳангҳои миллиро иҷро кард.

Барои иштирокчиён дастурхон ороста шуд ва таъомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.